Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Маросимҳо

Сафи олимони ҷавони донишгоҳ боз бештар гардид

Сафи олимони ҷавони донишгоҳ боз бештар гардид

Сол то сол афзудани ҳимояҳои рисолаҳои номзадӣ дар донишгоҳ барои тақвияти иқтидори илмии таълимгоҳ заминагузор буда, дар болоравии сифати таҳсилот ва омодасозии кадрҳои ҷавобгӯи талаботи замон мусоидат мекунад. 
Санаи 15-уми марти соли равон дар шурои диссертатсионии 6D.КОА014 назди ДДМИТ ҳимояи рисолаи номзадии Исматилло Аҳадов, муаллими калони кафедраи фаъолияти бонкӣ дар мавзуи “Таҳкими низоми идоракунии дороиҳои бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.07 - молия, муомилоти пулӣ ва қарз таҳти роҳбарии Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, ректори Донишгоҳи давлатии Данғара доир гардид. 
Мақсади таҳқиқот аз ҷиҳати илмӣ-назариявӣ асоснок намудани механизмҳои идоракунии дороиҳои бонкӣ мебошад, ки ба ташкилотҳои қарзӣ имконият медиҳад аз нуқтаи назари истифодаи самаранок ва натиҷабахши захираҳо аз ҳисоби назорати омилҳои дохилию беруна, баландбардории даромаднокӣ, назорати хавфҳо, ташкили ҳисобдории дуруст, назорати молиявӣ ва низоми иттилоотӣ дар вобастагӣ ба технологияҳои нав дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани хароҷотро дошта бошанд. 
Умед дорем, ки таҳқиқоти мазкур дар амалия татбиқ гардида, барои болобурди сифати таҳсилот мусоидат менамояд. 
Мо бо ин дастоварди илмӣ Исматилло Аҳадовро муборакбод намуда, дар фаъолияти минбаъдаи илмию педагогиаш комёбиҳои нав орзу дорем. 


Тағоймурод Эшзода