Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Эълонҳо

Эълон

Ба диққати ҳамаи донишҷӯён ва магистрантони ДМИТ расонида мешавад, ки тибқи мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Маркази патенту иттилоот»-и назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон»-ро баргузор намояд.
Хоҳишмандон метавонанд дар озмун бо ихтирооту навоварии худ иштирок намоянд.
Маълумоти муфассалро метавонед аз шуъбаи илми Раёсати илм ва инноватсия, воқеъ дар бинои №3 утоқи 109 дастрас намоед.