Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Эълонҳо

Таҳсил дар зинаи магистратура дар Самара

Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ ба иттилои хатмкунандагони зинаи бакалавр мерасонад, ки Донишгоҳи давлатии аэрокайҳонии Самара ба номи академик С.П. Королев баҳри зиёд намудани ҳамкориҳо бо муассисаҳои таълимии илмӣ ва муассисаҳои дорои ихтисоси ҳавопаймоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам саъю кӯшиш менамояд.
Дар робита бо ин, донишгоҳ нақша дорад, ки имтиҳонҳои дохилшавиро барои зинаи магистратура бо забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронад.
Имтиҳон аз 06 июн то 12 июни соли 2016 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Ба донишҷӯёни фаъол имконияти ишғол намудани ҷойҳои буҷавӣ, ки аз ҳисоби буҷети Федератсияи Россия пардохт карда мешаванд, пешниҳод мегардад.
Барои гирифтани маълумоти бештар оид ба ихтисосҳо Шумо метавонед ба сомонаи http://www.ssau.ru ё ин, ки ба шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ муроҷиат намоед.