Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Эълонҳо

Докторантураи ДМИТ


Қабули ҳуҷҷатҳоро барои соли таҳсили 2016-2017 ба шуъбаи рӯзона аз рӯи ихтисосҳои зерин эълон менамояд:
- 6D050900 - «Молия», (буҷавӣ-2 ҷой; шартномавӣ - 2 ҷой)
- 6D050600 - «Иқтисодиёт», (буҷавӣ- 2 ҷой; шартномавӣ - 2 ҷой)
- 6D051300 - «Иқтисодиёти ҷаҳон», (буҷавӣ-2 ҷой; шартномавӣ - 2 ҷой)









ШАРТҲОИ ҚАБУЛ


Ба докторантура аз рӯи ихтисос (PhD), дар асоси озмун шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳравандони хориҷӣ ва шахсони бетабаият, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқомат мекунанд ва дараҷаи академии магистр доранд, дар шакли таҳсили рӯзона қабул карда мешаванд.
Барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаият таҳсил дар докторантура - доктор аз рӯи ихтисос (PhD) пулакӣ мебошад.
Муҳлати таҳсил: - 3 сол, шакли таҳсил рӯзона.
Таҳсил дар докторантура ройгон ва пулакӣ мебошад.
Ариза ба номи ректори донишкада бо замимаи ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи шиноснома;
- анкетаи дохилшаванда ба докторантура;
- нусхаи нотариалӣ тасдиқкардашудаи дипломҳои таҳсилоти олӣ ва баъдидипломӣ ва замимаҳои он (дипломи бакалавр ва магистр);
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, ки аз тарафи шуъбаи кадрҳо тасдиқ карда шудааст (ҳангоми доштани собиқаи корӣ);
- сертификати супурдани имтиҳонҳои иловагӣ аз забони хориҷӣ, дар сурати мавҷуд будан;
- мактубҳои тавсиявӣ (бо тасдиқи муҳри ташкилот);
- рӯйхати чопи мақолаҳои илмӣ ва корҳои таълимӣ- методӣ (дар ҳолати надоштан, пешниҳод намудан реферат аз руи ихтисос бо тақризи на камтар аз ду мутахассиси соҳа);
- тасдиқномаи тиббӣ шакли 086-У;
- 6 расми андозаи 3х4.
Довталабоне, ки ба докторантураи донишкада қабул мешаванд, бояд яке аз забонҳои хориҷӣ (англисӣ, немисӣ, франсузӣ, чинӣ ва ғайра)-ро озодона донанд. Бо ин мақсад, довталабони докторантура дар баробари имтиҳонҳои дохилшавӣ аз ихтисос, инчунин аз яке аз забонҳои хориҷӣ имтиҳонҳои дохилшавӣ месупоранд. Шаҳрвандони хориҷие, ки ба докторантураи донишкада хоҳиши дохилшавӣ доранд, иловатан аз фанни забони тоҷикӣ имтиҳони дохилшавӣ месупоранд.
Қабули ҳуҷҷатҳо аз 01.07.2016 то 10.08.2016
Барои маълумоти иловагӣ ба бахши аспирантура ва докторантураи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон муроҷиат намоед.
Нишонаи мо: ш.Душанбе, кӯч. Нахимов 64/14 (шаҳраки Гипрозем), бинои №3, ошёнаи 1-ум, ҳуҷ. №109, 105.