Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Эълонҳо

Эълон

Ба таваҷҷуҳи ҳамаи донишҷӯёни факултетҳои ДМИТ расонида мешавад, ки Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар ш.Душанбе санаи 24-уми ноябри соли 2016 конференсияи илмӣ-амалии донишҷӯёнро таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами идоракунии давалатию маҳаллии муосир» баргузор менамояд. Барномаи конференсияи илмӣ-амалии донишҷӯён доираи васеи масъалаҳои вобаста ба ҷанбаҳои гуногуни илми идоракунӣ, аз ҷумла идоракунӣ-низоми амалӣ намудани ҳокимияти давлатӣ, асосҳои иқтисодиву молиявии идоракунӣ, ҳукумати электронӣ – унсури низоми идоракунӣ, асосҳои институтсионалии идоракунӣ, модели идоракунии иқтисодии миллӣ ва хориҷӣ: шароит ва омилҳо ва дигарҳоро дар бар мегирад.
Аз ҳамаи донишҷӯён ва муҳаққиқони ҷавони донишкада хоҳиш карда мешавад, ки дар мавзӯъҳои мазкур мақолаҳои худро тайёр намуда, то санаи 12-уми ноябри соли 2016 бо суроғаи электронии mahmadsalim_86@mail.ru, a.d.davlyatov@gmail.com равон намоед.
Барои маълумоти иловагӣ метавонед ба Раёсати илм ва инноватсия муроҷиат намоед.
Эзоҳ: конференсия бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ гузаронида шуда, мавод дар шакли маҷмӯа чоп мешавад.