Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Эълонҳо

Эълон

БАРНОМАИ ҶАҲОНИИ ТАБОДУЛИ ДОНИШҶӮЁН

Бурсияи пурраи нимсола дар ИМА

Барои донишҷӯёни мактабҳои таҳсилоти олӣ


Ozmun.jpg


Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ ба иттилои Шумо мерасонад, ки Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон оғози озмуни кушодро барои иштирок дар Барномаи ҷаҳонии табодули донишҷӯён (“Global UGRAD”) барои соли хониши 2017-2018 эълон менамояд. Донишҷӯёни интихобшуда аз донишкада дар доираи Барномаи мазкур бо идрорпулӣ давоми як нимсолаи таҳсил дар донишгоҳҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъмин мешаванд. Идрорпулӣ харҷи сафари байналмилалӣ, пардохти таҳсил, хароҷоти зист, суғуртаи ҳодисоти тасодуфӣ / ҳолатҳои беморӣ, идрорпулии хурди моҳона ва пардохти китобҳои дарсиро таъмин менамояд. 
Барномаи “Global UGRAD” аз ҷониби Идора доир ба масоили таҳсил ва фарҳанги назди Департаменти давлатии ИМА маблағгузорӣ мешавад. Барномаи таҳсили байналмилалию фарҳангии табодули мазкур ба пешвоёни оянда имконияти шинос шудан бо тартиби таҳсил, фарҳангу арзишҳои ИМА ва такмили дониши худ фароҳам меоварад. Инчунин донишҷӯёни донишкада тавассути ин Барнома мардуми ИМА-ро бо маданияту урфияти худ шинос карда метавонанд. Барномаи “Global UGRAD” аз ҷониби созмони “World Learning” идора мешавад.
Барои донишҷӯён аз Тоҷикистон ва аз ҷумла донишҷӯёни ДМИТ,  мӯҳлати охирини пешниҳоди ариза рӯзи душанбе, 30 декабри соли 2016 мебошад.
Номзадҳо метавонанд аризаи худро тавассути сомонаи http://www.worldlearning.org/UGRAD пешниҳод намоянд. 
Барои дарёфти маълумоти муфассал, лутфан ба шахсони мазкур муроҷиат намоед: 
1. Шӯъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ 
2. Шоира Раҳимова E-mail: shoira_rose@mail.ru; Тел: (+992)378842466
3. Шӯъбаи равобит бо ҷомеаи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон      
Шафоат Қобилова E-mail: GlobalUgradTajikistan@state.gov; Tел: (+992) 2292314