Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Эълонҳо

Эълон

Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо камоли эҳтиром ба маълумоти Шумо мерасонад, ки санаи 03 декабри соли 2016 конференсияи илмӣ-амалии байналмилалиро дар мавзӯи «Муаммоҳои инкишофи туризми байналхалқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир менамояд. Ба конфронси мазкур олимон, муҳаққиқон, омӯзгорон, аспирантону унвонҷӯён, мутахассисон аз идораву ташкилотҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои давлатӣ, институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мактабҳои олии ҷумҳурӣ ва хориҷӣ даъват карда мешаванд.  


ДАР КОНФРОНС МАСЪАЛАҲОИ ЗЕРИН МАВРИДИ БАРРАСӢ ВА ОМӮЗИШ ҚАРОР МЕГИРАНД: 


• Роҳҳои истифодабарии самараноки  захираҳои туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон; 

• Муаммо ва имкониятҳои рушди туризми байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; 

• Заминаҳо ва дурнамои рушди агротуризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

• Роҳҳои рушди туризм аз нигоҳи барномаҳои давлатӣ ва зарурати таҳия намудани барномаҳои туристӣ барои минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ;

• Имкониятҳои неруии рушди туризми байналмилалии кӯҳнавардӣ ва варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

• Ҳолати муосир ва дурнамои рушди индустрияи туристӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

• Инкишофи кластерҳои минтақавии туристӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

• Дурнамои рушди туризми байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

• Амалигардонии барномаҳо ва баҳодиҳии ҳолати имрӯзаи минтақаҳои туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бинобар ин шахсоне, ки дар кори конференсия хоҳиши ширкат доштанро доранд, то 28 ноябри соли 2016 мақолаҳои илмии таҳриршудаи худро дар ҳаҷми аз 6 то 8 саҳифа ба суроғаи электронии tsn_91@mail.ru k.muqimov@tgfeu.tj ва ҳатман як нусхаи чопии онро ба суроғаи 734067, ш. Душанбе, кӯч. Нахимов, 64/14, Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ирсол намоянд.

Забони конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.


ТАЛАБОТ НИСБАТ БА МАЪРУЗАҲО:


Ҳошия аз боло ба поёни саҳифа: 25 мм, аз чап 30 мм, аз рост 15 мм бошад. Матни маърӯза бояд бо таҳриргари матни Microsoft Office Word, (гарнитураи Times New Roman, Times New Roman Tj, шрифти 14) бо фосилаи 1,5 чоп карда шуда, ба тарзи зайл пешниҳод гардад:

- дар байни саҳифа ному насаби муаллиф, дараҷаву унвони илмӣ, вазифа ҷои кор, индекси почта, суроға, телефон, E-mail навишта шавад;

- номи мавзӯъ дар мобайни саҳифа бо ҳарфҳои калон (бо ҳарфҳои ғафс, шрифти 14) навишта шуда, матни пурраи маъруза ва рӯйхати адабиёт; 

- иқтибосҳо дар қавсҳои квадратӣ бо нишондоди рақами тартибии адабиёт ва саҳифа оварда шаванд;

- расмҳо, тасвирҳо, диаграммаҳо ва схемаҳо бо формати иҷрокардашуда ҳатман ба онҳо ном гузошта шавад.

Матни маърӯзаи иштирокчиёни конфронс, ки аз ҷиҳати мазмун ҷавобгӯ буда, ба талаботи дар боло зикргардида мувофиқат мекунад ва то 25 ноябри соли 2016 пешниҳод мегардад, бо тавсияи ҳайати таҳририя дар шакли маҷмӯаи маводи конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ то рӯзи баргузории конфронс нашр карда мешавад.

Даъватномаҳо то 01 декабри соли 2016 фиристода мешаванд.

Суроғаи мо: 734067, ш. Душанбе, к. Нахимов, 64/14, Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон

Телефонҳо барои тамос: 93-404-43-32, 93-451-10-37, 378842460; 

шахсони масъул Давлатшоева З.М., Муқимов Қ.М.,  E-mail: k.muqimov@tgfeu.tj


КУМИТАИ ТАДОРУКОТ