Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Эълонҳо

Озмуни «Лоиҳаи беҳтарин»

Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ бо дастгирии Раёсати донишкада озмуни «Лоиҳаи беҳтарин»-ро дар байни устодон ва донишҷӯён эълон менамояд. Мавзӯи лоиҳаҳо гуногун буда, мавҷудияти навоварӣ яке аз талаботҳои асосӣ мебошад.
Озмун аз 1-уми ноябр оғоз  ёфта, 30-уми ноябр ба охир мерасад. Барои лоиҳаи устодон се ҷой: ҷои 1-ум, ҷои 2-юм ва ҷои 3-юм дода мешавад. Барои донишҷӯён низ се ҷой: ҷои 1-ум, ҷои 2-юм ва ҷои 3-юм пешбинӣ шудааст. 
Шоҳҷоизаи озмун аз байни ҳама лоиҳаҳо интихоб мегардад.
Иштирокчиён бояд ҳатман як гуруҳи корӣ ташкил кунанд ва лоиҳаҳои беҳтарин дар назди ҳакамон аз тарафи гурӯҳҳои кории ҳар як лоиҳаҳо пешниҳод мегарданд.
Мӯҳлати охирини қабули лоиҳаҳо 30-юми ноябри соли 2016.
Ғолибони озмун бо ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ мегарданд ва лоиҳаҳои беҳтарин барои иштирок дар озмунҳои байналмилалӣ пешниҳод мегарданд.