Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Эълонҳо

Мактаби зимистонаи аврупои шарқӣ дар Лаҳистон

Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ ба диққати магистрони соли дуюми донишкада мерасонад, ки озмуни қабул ба Мактаби зимистонаи аврупои шарқӣ-2017, ки аз тарафи Колеҷи Яна Nowak-Jeziorański Аврупои шарқӣ дар шаҳри Вроклав ва Маркази аврупои шарқӣ оид ба тадқиқоти UW гузаронида мешавад, оғоз гардидааст. Барномаи мазкур аз соли 2004 инҷониб гузаронида мешавад. Мактаби зимистона аз 1 март оғоз гардида, то 14 марти 2017 давом мекунад.
Барои бештари иштироккунандагони Мактаби зимистона – ин якумин сафари омӯзишї ба Лаҳистон мебошад. Дар Мактаби зимистона ба донишҷӯён барои давом додани тадқиқот,тайёр намудани фишурдаи кори магистрӣ ва давом додани тадқиқот дар оянда имконият дода мешавад.
Барномаи Мактаби зимистона аз лексияҳо, семинарҳо, ташрифот ба муассисаҳои фарҳангӣ, вохуриҳо бо сиёсатмадорон ва таҳиякунандагон иборат мебошад. Дар мактаби мазкур ҳамасола то 40 донишҷӯ иштирок менамоянд. Забони таҳсил русӣ ва англисӣ аст. 
Мӯҳлати охири супоридани ҳуҷҷатҳо 18 январи соли 2017 ба охир мерасад.
Барои дастрас намудани маълумоти бештар хоҳишмандон метавонанд ба почтаи электронии wsl.studium@uw.edu.pl нависанд ё ба телефони +48 22 55 22 555 тамос гиранд. Инчунин хоҳишмандон метавонанд ба шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ муроҷиат намоянд.