Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Эълонҳо

Барномаи бурсиявии «ДАРМАСИСВА»

Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия ҳамасола Барномаи бурсиявии «Дармасисва»-ро барои кишварҳое, ки бо Ҷумҳурии Индонезия равобити дипломатӣ доранд, ташкил карда аст. 
Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок кардан дар Барномаи стипендиявии «Дармасисва»-2018-2019 ба хотири мустаҳкам намудани робитаҳои илмӣ-маданӣ имконият додааст. 
«Дармасисва» барномаи бе дараҷаи илмӣ мебошад, ки дар он омӯзиши забони Индонезӣ, таълим дар соҳаи санъат, мусиқӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва фанҳои алоҳида дар 56 муассисаҳои таълимии интихобшудаи шаҳрҳои гуногуни Индонезия таълим дода мешавад. Мақсади барномаи мазкур таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва алоқаи мадании байни мамлакатҳои гуногун мебошад.     
Хоҳишмандонро зарур аст, ки барои иштирок намудан дар барномаи мазкур ба сомонаи http://apply.darmasiswa.kemdikbud.go.id/ ё ба шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ муроҷиат намоянд.
Муҳлати охири супоридани дархост барои иштирок дар барномаи мазкур на дертар аз 18 феврали соли 2018 мебошад.