Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Эълонҳо

Эълон

Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ ба маълумоти донишҷӯён мерасонад, ки Мактаби олии иқтисодӣ оид ба гузаронидани Олимпиадаи донишҷӯён ва хатмкунандагони дараҷаи бакалавр ва магистри мактабҳои олӣ, ки санаи 18-19-уми марти соли 2017 баргузор мегардад, эълон менамояд.    
Равияњои асосии Олимпиада: бизнес-информатика, муҳандисӣ, электроника ва нано-электроника, менеҷмент, иқтисоди ҷаҳон, иқтисоди молиявӣ, молия ва қарз, ҳуқуқшиносӣ, сиёсатшиносӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, равоншиносӣ, забоншиносӣ, журналистика, сотсиология, демография ва ғайра мебошанд. 
Ба ғолибон ва дорандагони мукофоти Олимпиада бо Қарори Шурои Олимон барои дохил шудан ба барномаи магистрии ДМТ МОИ, мутобиқ ба ихтисоси озмун имтиёз дода мешавад.  
Хоҳишмандон барои иштирок дар олимпиадаи мазкур бояд ба сомонаи https://olymp2.hse.ru/stud.html дохил шуда, кабинети шахсӣ дастрас намоянд ва  равия ва ихтисоси худро интихоб намоянд.  
Бақайдгирии иштирокчиён дар озмуни мазкур то санаи 6-уми марти 2017, соати 15:00 (мск) идома меёбад.  
Довталабон барои гирифтани маълумоти бештар бояд ба сомонаи Олимпиада https://olymp.hse.ru/ma ё ба шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ муроҷиат намоянд.