Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Эълонҳо

Бурсияҳои тадқиқотӣ дар Ҷопон

Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ ба иттилои ҳамаи устодони дорои дараҷаи PhD (номзади илм) мерасонад, ки озмуни Бурсияи Фонди байналмилалии Матсумае (ФБМ) барои гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ дар Ҷопон оғоз гардидааст. 
Фонди байналмилалии Матсумае (ФБМ) ташкилоти ғайридавлатӣ мебошад. Фаъолияти он дар асоси хайрияҳои ҷопониҳо мебошад, ки ба талаботҳои доктор Шиджеиоши Мэтсумэ некхоҳона ҷавоб доданд.  Вай соли 1979 Фонди байналмилалии Матсумаеро ташкил намуд. Гарчанде қисми зиёди  хайрияҳоро ташкилотҳо ва гуруҳҳо медиҳанд, аммо донорҳои асосӣ шахсони воқеӣ мебошанд, ки хайрияҳои худро аз даромади ночизи худ ҷудо менамоянд. 
Ба номзадҳои муваффақгардида тавсия дода мешавад, ки ба хайрхоҳии он нафарон ҷиддӣ муносибат кунанд ва дарк намоянд, инчунин кафолат диҳанд, ки бурсияи пешниҳодгардида босамар истифода бурда мешавад. 
 Доираи равияи тадқиқотҳо гуногун мебошанд, аммо равияҳои табиатшиносӣ, лоиҳакашӣ ва тиб ҳаққи афзалият доранд. 
Дархостҳо тариқи почта бояд на дертар аз  31 майи соли 2017 фиристода шаванд.
Бурсия барои тадқиқот ва сафар ¥220,000 иен ҳар моҳ ба ғолиб пешниҳод менамояд, ин маблағ асосан барои сарфи маводҳои тадқиқот, зиндагӣ, хурок, роҳкиро ва ғайра равона карда мешавад. 
Барои дастрас намудани маълумоти муфассал оид ба иштирок (баъзе масъалаҳои вобаста ба шароитҳои бурсия, интихоб ва огоҳинома оид ба натиҷаи дархост, ҳуҷҷатҳои дархостӣ, тартиби пешниҳоди дархост) дар озмуни мазкур хоҳишмандон метавонанд аз сомонаи http://www.mif-japan.org/ маълумот гиранд ё ба шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ муроҷиат намоянд.