Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Эълонҳо

Эълон

XIII КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН, АСПИРАНТОН ВА МАГИСТРОН


Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ ба донишҷӯён, аспирантон, магистрон ва устодон хабар медиҳад, ки филиали Челябински Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Россия дар якҷоягӣ бо факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон XIII-умин Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалии донишҷӯён, аспирантон ва магистронро дар мавзӯи «Дурнамои инкишофи устувор дар тадқиқоти муҳаққиқони ҷавон» мегузаронанд. Маводҳои конференсия дар маҷмуаи электронӣ (РИНЦ) чоп мегардад. 




Равияҳои асосии кори конференсия:
1. Механизмҳои молиявии фаъолгардонии рушди иқтисодӣ-иҷтимоии корхонаҳо, комплексҳо, ноҳияҳо.
2. Олотҳои маъмуриятчигии андозӣ, ҳисоб ва аудит дар шароити муосир. 
3. Менеҷерони иқтисодии муосири оянда.
4. Оид ба арзиши амалии тадқиқоти иҷтимоӣ-гуманитарӣ.
5. Технологияҳои иттилоотӣ ва методҳои математикӣ дар тадқиқотҳои донишҷӯён. 
Конференсияи мазкур санаи 14-уми феврали соли 2017, дар филиали дар шаҳри Челябинск будаи Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Россия баргузор мегардад. Хоҳишмандон метавонанд мақолаҳои худро дар доираи равияҳои конференсия пешниҳод намоянд. Мӯҳлати охири қабули мақолаҳо санаи 7 феврали соли 2017 мебошад.  
Маълумоти бештарро оид ба тамос, талаботҳои тартиби мақолаҳо, оид ба пур кардани тарзи саволнома ё ин ки ба расмият даровардани мақолаҳо метавонед дар сомонаи донишгоҳ http://www.fa.ru/fil/chelyabinsk бинед, ё ин ки ба шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ муроҷиат намоед.