Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Эълонҳо

Лоиҳаи таҳсилоти олӣ «Грантҳои хурд»


Pro_j300.jpg


Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ иттилоъ медиҳад, ки рӯзҳои наздик барои иштирок дар Лоиҳаи таҳсилоти олии «Грантҳои хурд», ки аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ ташкил шудааст, кабули аризаҳо оғоз мегардад.
Мақсади лоиҳа пешниҳод намудани курси омӯзишии махсус барои ҳамаи иштирокчиёни бозори мењнат, аз он ҷумла шахсони бекор, муҳоҷирони ба Ватан баргашта (мардон ва занон) ва хатмкунандагони мактабҳои миёна, ки ба бозори меҳнат бо ихтисоси нокомил мебароянд ва барои баланд бардоштани дараҷаи ихтисос ё дигар кардани он ниёз доранд, равона карда шудааст. Барои ба ин мақсад расидан, ба муассисаҳои салоҳиятдор маблағгузории грантӣ пешниҳод мегардад, то ин ки ин муассисаҳо курсҳои куттоҳмуддати ба талаботи соҳаи махсуси истеҳсолот ҷавобгӯ ташкил кунанд. 
Оид ба талаботҳои салоҳият, пешниҳоди ариза ва лоиҳа, муносибат ва давраҳои «Грантҳои хурд», ки аз руи он муассисаҳои таҳсилоти олии босалоҳият, кормандони дахлдори ВМИ ҶТ, аъзоёни КРБ ва дигар тарафҳои манфиатдор амал мекунанд, дар инҷо шинос шудан мумкин аст. 
Инчунин Механизми тафтиши шикоятҳо (МТШ) барои лоиҳаи мазкур  аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Ҳуҷҷати баҳодиҳии лоиҳа (ҲБЛ), Шартномаи молиявӣ (ШМ), Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «оид ба аризаҳои шикоятӣ» ва  «хизмати давлатӣ», инчунин супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «оид ба идораи қайдҳо дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» тартиб дода шудааст. Дар МТШ тартибот, пешниҳоди шикоят, қайд ва таҳлили онҳо, мониторинги иҷроиши қарори шикоятҳо ва ҳисобот бо қайди муҳлат ва шуъба/шахсони масъул бо назардошти хусусиятҳои хоси ЛТО ва талаботҳои он баён гардидаанд.   Ба ғайр аз ин, дар ҳуҷҷати мазкур фаъолияти таблиғоти хабар оид ба МТШ оварда шудааст. 
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ хоҳишмандон метавонанд ба шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ муроҷиат кунанд.