Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Эълонҳо

Эълон

Elon.jpg


Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ  иттилоъ медиҳад, ки Институти «Ҷамъияти кушода» - Бунёди Мадади Фонди Сорос дар Тоҷикистон ва Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир ҳамаи хоҳишмандонро ба лексияи кушод дар мавзуи «Шаффофият ва айёният дар соҳаи буҷавӣ дар сатҳи маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» даъват менамояд.
Дар лексия методҳои муфид ва роҳҳои ба раванди буҷавӣ ҷалб намудани шаҳрвандон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, инчунин зиёд намудани шумораи шаҳрвандон дар идоракунии маҳаллӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои ҷамъиятӣ, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимият пешниҳод мегарданд, баррасӣ мегарданд. Силсила-лексияҳои кушод дар доираи барномаи «Дастгирии идораи молияи давлатӣ» баргузор гардида, аз ҷониби DFID маблағгузорӣ карда мешаванд.
Лексияи мазкур санаи 24-уми феврали соли 2017, соати 16:00 то 17:00, дар Маркази  «Вафо» (ВЕФА-центр), ошёнаи аввал, толори конфронсии №1, ки дар шаҳри Душанбе, кучаи Бохтар 37/1 ҷойгир аст, баргузор мегардад. Лексия бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ гузаронида мешавад. 
Барои маълумоти бештар оид ба лексияи мазкур, хоҳишмандон метавонанд ба шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ муроҷиат намоянд.