Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Эълонҳо

Таҳсил дар Ҷумҳурии Озарбойҷон

Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ ба маълумоти донишҷӯёни хатмкунандаи донишкада мерасонад, ки Донишгоҳи «ADA»-и Ҷумҳурии Озарбойҷон мавсими қабули довталабонро дар зинаи магистратура барои соли таҳсили 2017-2018 оғоз намудааст. 
Зинаи магистратура аз ихтисосҳои зерин иборат аст:
1. дипломатия ва робитаҳои байналмилалӣ;
2. корҳои ҷамъиятӣ;
3. роҳбарии бизнес (MBA)
4. барномаи идоракунии соҳибкорӣ;
5. идора дар соҳаи маориф   
Маблағи таҳсил аз ҳисоби барномаи бурсиявии ба номи Алимарданбей Топчубашов пардохт шуда, хароҷоти боқимонда аз ҳисоби донишҷӯ мебошад. Мӯҳлати охири бақайдгирӣ то санаи: 



Даври аввал: 15.04.2017
Даври дуюм: 15.06.2017 


Хоҳишмандон барои маълумоти бештар дастрас намудан метавонанд ба сомонаи www.ada.edu.az/ ё ба шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ муроҷиат намоянд.