Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Эълонҳо

Эълон

Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ ба диққати ҳамаи кормандон, олимони ҷавон ва донишҷӯён мерасонад, ки Донишгоҳи давлатии Алтай (ш. Барнаул) дар таърихи 8 июни соли 2017 гузаронидани IV-умин форуми байналмилалии иқтисодиро дар мавзӯи «Рушди иқтисодии минтақа: идора, инноватсия ва тайёрии кадрҳо» дар  нақша дорад. Аз рӯи натиҷаи Форум маҷмааи мавод бо индекси РИНЦ (ISSN 2542-0690) нашр мегардад. 
Хоҳишмандон метавонанд дар форуми мазкур бевосита ва ё ғоибона иштирок намоянд. 
Дар ҳолати бевосита иштирок намудан, нашри мавод ройгон мебошад. Барои шаҳрвандони хориҷӣ низ нашри мавод ройгон мебошад. 
Дар ҳолати ғоибона иштирок намудан, маблағи бақайдгирӣ дар ҳаҷми 500 рубли русӣ бе фиристодани маҷмаа (танҳо шакли электронӣ ба воситаи e-mail ирсол карда мешавад) ва 900 рубл бо фиристодани маҷмаа ситонида мешавад. 
Дар ҳолати бевосита иштирок намудан, барои ташкил кардани варианти интиҳоии барномаи Форум хоҳишмандонро зарур аст, ки ба Кумитаи тадорукот тавассути адреси электронии sience@kafedra-marketinga.ru маълумоти зеринро дар бораи баромадашон то санаи 28 апрел фиристанд: Ном ва насаб, ташкилот, мавзӯи баромад ва бахш. 
Ба пешниҳодкунандагони дархост барои иштироки ғоибона муҳлати супоридани ҳуҷҷатҳо барои чоп то 15 майи соли 2017 тавассути адреси электронии sience@kafedra-marketinga.ru муқаррар карда шудааст. Ба ҳамаи муаллифон, ки дархостҳояшонро фиристодаанд ва аъзоҳаққиро супоридаанд, баъд аз нашри маҷмаа ба воситаи почтаи электронии нишондодашуда шакли электронии он фиристода мешавад. Муҳлати тахминии нашри мавод охири семоҳаи соли 2017 мебошад.  
Бо мақсади таҳия намудани барномаи пешакии Форум хоҳишмандон барои пешниҳод намудани маълумотнома дар бораи худ ва иштирок метавонанд ба шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМИТ муроҷиат намоянд ва ё оид ба масъалаҳои пешниҳоди дархост барои иштирок дар Форум метавонанд ба сомонаи он: http://форум-агу.рф/ муроҷиат намоянд ва дархостҳояшонро ба сомонаи sience@kafedra-marketinga.ru бо қайди «Форум-2017» пешниҳод намоянд.