Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Эълонҳо

Эълон

Раёсати илм ва инноватсия ба маълумоти ҳамаи донишҷӯёни факултетҳо мерасонад, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино озмуни «Хонандаи беҳтарини китобҳои Пешвои миллат»-ро байни ҷавонон-донишҷӯён эълон намудааст. Озмун дар 3 давр байни ҷавонон-донишҷӯён то охири соли 2017 гузаронида мешавад. Даври аввал дар донишкада байни донишҷӯёни ҳамаи факултетҳо то санаи 10-уми ноябри соли 2017 гузаронида шуда, ғолибони ҷойҳои 1,2,3 то санаи 12 ноябри соли 2017 ба шуъбаи илм пешниҳод карда шаванд. Хотиррасон менамоем, ки озмуни мазкур сараввал дар факултетҳо гузаронида шуда, баъдан дар донишкада баргузор мегардад. Аз ҳамаи донишҷӯён хоҳиш мешавад, ки барои иштирок дар озмун худро дар факултету кафедраҳо номнавис намоянд. 




ШАРТҲОИ ОЗМУН:
1. Дарки моҳияти осори интихобнамудаи довталаб;
2. Баёни мазмун ва ғояҳои асосии китоб;
3. Аҳамаият ва нақши китобҳои муаррифишуда дар ташаккули афкори ҷавонон;
4. Пешниҳод ва шакли расонидани моҳияти китобҳо (истифодаи воситаҳои техникӣ ва ғ.);
5. Баҳогузории иштирокчиён – шунавандаҳо аз толор ба довталабон.


Кумитаи тадорукот
Раёсати илм ва инноватсия