Эълонҳо

Таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Бошқирдистон
Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДДМИТ ба диққати донишҷӯён мерасонад, ки қабули довталабон барои таҳсил (семестри аввали соли хониши 2018-2019) дар Донишгоҳи давлатии Бошқирдистони Федератсияи Россия оғоз гардид.
Шакли таҳсил: буҷавӣ, ройгон мебошад.
Ҷойи таҳсил: ш.Уфа, Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия.
Қабули ҳуҷҷатҳо: то санаи 20 апрели соли 2018.
Барои иштирок намудан дар барномаи мазкур, донишҷӯён ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:
1. Саволнома (анкета);
2. Нусхаи шиноснома (хориҷӣ);
3. Нақшаи дарсӣ;
4. Тавсиянома аз садорати факултет;
5. Розигии волидайн;
Барои маълумоти бештар довталабон метавонанд ба шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДДМИТ муроҷиат намоянд.