Эълонҳо

Таҳсил дар Донишгоҳи Петрозаводски федератсияи Россия
Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДДМИТ ба диққати донишҷӯён мерасонад, ки қабули довталабон барои таҳсил (семестри баҳории соли хониши 2019-2020) дар Донишгоҳи давлатии Петрозаводский Федератсияи Россия оғоз гардид.
Шакли таҳсил: буҷавӣ, ройгон мебошад.
Ҷойи таҳсил: ш.Петрозаводск, Ҷумҳурии Карелия Федератсияи Россия.
Қабули ҳуҷҷатҳо: то санаи 25 ноябри соли 2019.
Барои иштирок намудан дар барномаи мазкур, донишҷӯён ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:
1. Саволнома (анкета);
2. Нусхаи шиноснома (хориҷӣ);
3. Нақшаи дарсӣ;
4. Тавсиянома аз садорати факултет;
5. Розигии волидайн;
Барои маълумоти бештар довталабон метавонанд ба шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДДМИТ муроҷиат намоянд.