Эълонҳо

Эълон
Раёсати илм ва инноватсия ба маълумоти шумо мерасонад, ки аз санаи 2 апрел то 29 июни соли ҷорӣ Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ қабули ҳуҷҷатҳои довталабони Озмуни ҷумҳариявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон»-ро таҳти шиори «Ҷавонон - созандагони Ватан» эълон намудааст.
Аз ин рӯ, ба садорати факултетҳо дастур дода мешавад, ки лоиҳаҳои хусусияти навоварӣ ё ихтироъкоридоштаи донишҷӯёни (магистрон) факултетро (кафедраро) то санаи дар боло зикршуда ба Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ пешниҳод намоянд. Аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ба раёсати илм ва инноватсия маълумотнома ирсол намоед.
Маълумоти бештарро аз раёсати илм ва инноватсия дастрас карда метавонед. (бинои таълими №3, утоқи 302, тел. 378842460).