Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Эълонҳо

Эълон

Раёсати илм ва инноватсия ба маълумоти шумо мерасонад, ки нимаи аввали моҳи июни соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ - 2018» баргузор мегардад. 
Аз ин рӯ, ба садорати факултетҳо дастур дода мешавад, ки корҳои илмии беҳтарини донишҷӯёни (магистрон) ғолиби озмуни мазкури факултетро (кафедраро) то санаи 23 апрели соли 2018 ба раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ пешниҳод намоянд. 
Кори озмун дар асоси шартҳои зерин гузаронида мешавад: 
- муҳиммияти мавзӯъ; 
- татбиқи амалии стратегия, барнома ва консепсияҳои давлатӣ; 
- ҷанбаҳои қавии илмӣ доштани мавзӯъ. 


Маълумоти бештарро аз раёсати илм ва инноватсия дастрас карда метавонед. (бинои таълими №3, утоқи 302, тел. 378842460).