Эълонҳо

Таҳсил дар донишкадаи иқтисод ва хизмати Самарқанд
Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДДМИТ ба иттилои донишҷӯёни зинаи бакалавр мерасонад, ки дар доираи Барномаи мубодила донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки донишҷӯёни зинаи бакалаврро барои таҳсил дар семестри 2-юми соли хониши 2018-2019 ба Донишкадаи иқтисод ва хизмати Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ирсол намояд. Мӯҳлати таҳсил як семестр буда, он ройгон мебошад.
Таҳсил бо забони русӣ сурат мегирад.
Мӯҳлати охири бақайдгирӣ то санаи 20.11.2018.
Барои иштирок дар барномаи мазкур донишҷӯён бояд ҳуҷҷатҳои зеринро омода намоянд:
1. Анкета;
2. Нусхаи шиноснома (шиносномаи миллӣ ва хориҷӣ);
3. Барномаи таълимӣ;
4. Тавсиянома аз садорати факултет;
5. Мактуби иҷозат аз волидайн.
Барои номнавис намудан ва маълумоти бештар дастрас намудан хоҳишмандон метавонанд ба шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ муроҷиат намоянд.