Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Эълонҳо

Эълон

Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бо мақсади муаррфии маконҳои сайёҳии ватани азизамон Тоҷикистон озмуни «Беҳтарин муаррифкунандаи мавзеъҳои сайёҳӣ»-ро барои дарёфти Ҷоизаи Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» эълон менамояд. 
Озмуни «Беҳтарин муаррифкунандаи мавзеъҳои сайёҳӣ» дар ду номинатсия – «Аккоси беҳтарин» ва «Наққоши беҳтарин»; 
Дар озмун нафароне, ки ҳунари аксбардорӣ ва ё наққошӣ доранд ва узви намояндагиҳои ташкилот ҳастанд, иштирок карда метавонанд. 
Тибқи талаботи озмун, аксбардорон дар аксҳо ва наққошон дар мусаввараҳои барои озмун пешниҳодшуда манзараҳои зебо, мавзеъҳои сайёҳӣ, инфрасохтори сайёҳӣ ва кӯҳу роҳҳои ҷолибро бояд инъикос намоянд. 
Дар мусаввараҳои ба озмун пешниҳодшуда инчунин дарёҳо ва кӯлҳои Тоҷикистон (пиряхҳо) тасвир карда шаванд, ки нишон аз оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мебошад. 
Нафароне, ки хоҳиши дар озмун иштирок намуданро доранд, аксу мусаввараҳои худро метавонанд ба Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва ё ба суроғаи электронии sozandagon.tj@mail.ru ирсол намоянд. Маълумот дар бораи муаллиф ва мавзеи дар аксу мусаввара инъикосгардида дарҷ карда шаванд. 
Муҳлати пешниҳоди асарҳо бо қайди «барои озмун» то санаи 10 декабри соли 2018 сурат мегирад. 
Озмун моҳи декабри соли 2018 бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҷамъбаст мегардад. 
Аксҳо ва мусаввараҳо ба таври ҷудогона баҳогузорӣ шуда, дар ҳарду номинатсия ғолиби шоҳҷоиза ва се ҷойи ифтихорӣ бо Ҷоиза, Ифтихорнома ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда мешаванд. 


Раёсати илм ва инноватсия