Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Эълонҳо

Эълон

Раёсати илм ва инноватсия ба маълумоти ҳамаи донишҷӯёни факултетҳо, магистрантон, аспирантон, унвонҷӯён ва олимони ҷавони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мерасонад, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади тарғиби зебогии табиати нодири Тоҷикистон, имконияту шароитҳои фароҳамоварда, инъикоси таърихи куҳанбунёд ва миллати фарҳангсолор, муносибатҳои дохиливу хориҷӣ ва тамоми дастовардҳои назаррас, баланд бардоштани ғурури миллӣ ва ҳисси беинтиҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ба ин васила тарбияи насли ҷавон дар руҳияи худшиносии миллӣ, озодиҳову меҳанпарварӣ, садоқатмандиву ҷонфидоӣ дар роҳи нигаҳдошти марзу буми ватан озмуни ҷумҳуриявии мақолаи бехтарин дар мавзӯи «Тоҷикистон ватани азизи ман»-ро эълон менамояд.


Довталабон метавонанд мақолаҳои худро бо зикри ному насаб, вазифа, суроғаи ҷойи зист ва телефонҳои тамос бо ишораи «Ба озмун» дар ҳаҷми 6 саҳифа бо шрифти 14, Times New Roman Tj то санаи 25 октябри соли 2018 тариқи электронӣ ба почтаи электронӣ ahmadzoda8923@gmail.com ва хаттӣ ба унвонии Кумита ирсол намоянд. 


Ғолибон бо диплом ва туфаҳои хотиравӣ дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда мешаванд.