Эълонҳо

Эълон
Раёсати илм ва инноватсия ба маълумоти ҳамаи донишҷӯёни факултетҳо, магистрантон, аспирантон, унвонҷӯён ва олимони ҷавони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мерасонад, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи озмунии «Тоҷикистон – Ватани азизам!»-и Телевизиони Тоҷикистонро барои дарёфти Ҷоизаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон аз рӯи шартҳои беҳтарин шеър, беҳтарин қироат, беҳтарин суруд ва беҳтарин навозиш эълон менамояд.
Хоҳишмандон метавонанд ҷиҳати иштирок дар озмуни мазкур ба раёсати илм ва инноватсия муроҷиат намоянд.
Ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда мешаванд.
Раёсати илм ва инноватсия