Эълонҳо

Эълон
Раёсати илм ва инноватсия ба маълумоти ҳамаи донишҷӯёни факултетҳо, магистрантон, аспирантон, унвонҷӯён ва олимони ҷавони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мерасонад, ки раёсати донишгоҳ, бо мақсади баланд бардоштани ғурури миллӣ ва ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ба ин васила тарбияи насли ҷавон дар руҳияи худшиносии миллӣ, озмуни умумидонишгоҳии мақолаи бехтаринро бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кушодашавии агрегати 1-уми НОБ-и Роғун эълон менамояд».
Довталабон метавонанд мақолаҳои худро дар мавзуҳои зерин:
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёдгузори сиёсати давлатии ҷавонон;
- Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот ва амният дар кишвар ва минтақа;
- НБО-и «Роғун» иншооти аср ва кохи нур;
- Ҷанбаҳои иқтисодӣ, молиявӣ, экологӣ ва бадеии НБО-и «Роғун»;
- Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли масъалаҳои глобалӣ дар ҷаҳон.
Бо зикри ному насаб, вазифа, суроғаи ҷойи зист ва телефонҳои тамос дар ҳаҷми 6 саҳифа бо шрифти 14, Times New Roman Tj то санаи 13 ноябри соли 2018 тариқи хаттӣ ва электронӣ ба унвонии Раёсати илм ва инноватсия пешниҳод намоянд.
Ғолибон бо диплом ва туфаҳои хотиравӣ дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда мешаванд.
Раёсати илм ва инноватсия