Эълонҳо

Таҳсил дар донишгоҳи Нархози ҷумҳурии Қазоқистон
Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДДМИТ ба иттилои донишҷӯёни зинаи бакалавр мерасонад, ки дар доираи Барномаи мубодила донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки донишҷӯёни зинаи бакалавр ва магистрро барои таҳсил дар семестри 2-юми соли хониши 2018-2019 ба Донишгоҳи Нархози Ҷумҳурии Қазоқистон ирсол намояд.
Мӯҳлати таҳсил як семестр буда, он ройгон мебошад.
Таҳсил бо забони русӣ ва англисӣ сурат мегирад.
Мӯҳлати охири бақайдгирӣ то санаи 20.11.2018.
Барои иштирок дар барномаи мазкур донишҷӯён бояд ҳуҷҷатҳои зеринро омода намоянд:
1. Анкета;
2. Нусхаи шиноснома (шиносномаи миллӣ ва хориҷӣ);
3. Барномаи таълимӣ;
4. Тавсиянома аз садорати факултет;
5. Мактуби иҷозат аз волидайн.
Барои номнавис намудан ва маълумоти бештар дастрас намудан хоҳишмандон метавонанд ба шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ муроҷиат намоянд.