Эълонҳо

Эълон
Раёсати илм ва инноватсия ба маълумоти ҳамаи донишҷӯёни факултетҳои Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мерасонад, ки Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар озмуни мақлолаи беҳтарин таҳти унвони «Тоҷикистон - минтақаи ҷолиби сайёҳӣ» ва ҷиҳати беҳдошти фазои соҳибкорӣ ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ «Таҳияи нақшаҳои соҳибкорӣ (бизнес – план)» озмун эълон менамояд.
Довталабон метавонанд доир ба мавзӯъҳои зикр гардида мақолаю нақшаҳои тиҷоратии худро то санаи 5 ноябри соли 2018 ба почтаи электронии шахси масъул behruzdzhon.abdulov@gmail.com ба унвонии Кумита ирсол намоянд.
Хоҳишмандон метавонанд ҷиҳати иштирок дар озмуни мазкур ба раёсати илм ва инноватсия ва муовинони декан оид ба илм муроҷиат намоянд.
Ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Раёсати илм ва инноватсия