Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Эълонҳо

Эълон

Бо қарори ректори ДДМИТ дар назди кафедраи молияи факултети молия ва қарз гурӯҳи махсус таъсис дода мешавад, ки дар он донишҷӯён аз руйи таҷрибаи пешқадами таълим омода карда мешаванд. Машғулиятҳо аз ҷониби олимон ва коршиносони шинохта бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ гузаронида мешаванд. Мақсади таъсиси гурӯҳи мазкур ин ба роҳ мондани таҷрибаи нави омода кардани мутахассисони рақобатпазир ва дар амал татбиқ намудани чорабиниҳо ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим ба ҳисоб меравад. 
Аз ин рӯ, аз 01.02.2019 то 15.02.2019 интихоби довталабон ҷиҳати шомил намудан ба гурӯҳи мазкур баргузор карда мешавад, ки дар он донишҷӯёни фаъол ва соҳибзавқи курси якуми тамоми ихтисосҳои донишгоҳ метавонанд иштирок намоянд. 
Донистани як забони хориҷӣ ҳатмист. барои донистани математика афзалият дода мешавад. 
Интихоб дар асоси натиҷаи сессия ва тариқи суҳбат амалӣ карда мешавад. 


Барои маълумоти иловагӣ ба бинои № 1. факултети молия ва қарз. кафедраи молия, дотсент Садриддинов м.и. муроҷиат намоед.