Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Эълонҳо

Онлайн озмуни байналмилалии корҳои илмӣ – навоварӣ «Горизонт - 2100»

Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДДМИТ ба маълумоти донишҷӯён, магистрон мерасонад, ки Маркази моделсозии оянда (Федератсияи Россия) онлайн озмуни байналмилалии корҳои илмӣ – навоварӣ «Горизонт - 2100» -ро эълон менамояд. 
Равияҳои асосии озмун: агрокомплекс ва рушди кишоварзӣ, артиш, амнияти байналмилалӣ, муноқишаҳои минтақавӣ, тиҷорат, иқтисодиёт, биология, тиб, қобилияти маърифатии технологӣ, компютер ва интернет, кайҳон, нанотехнология, ҷамъият, демография, муҳити зист, энергетика ва сарчашмаҳои энергетикӣ, нақлиёт ва инфрасохтор мебошад. 
Ба ғолибони озмун дар форуми ниҳои барои иштирок дар маросими ҷоизасупорӣ, ки тобистони соли 2019 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор мегардад, роҳхат дода мешавад. 


Хоҳишмандонро зарур аст барои иштирок дар озмуни мазкур дар сомонаи http://www.futurible.space/?page_id=337 ба қайд гиранд. 
Мӯхлати охири бақайдгирӣ то санаи 31-уми марти соли 2019. 
Маълумоти бештар хоҳишмандон метавонанд аз сомонаи http://www.futurible.space/?page_id=556 дастрас намоянд.