Эълонҳо

БУРСИЯҲОИ ТАДҚИҚОТИИ БАРНОМАИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ
Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДДМИТ ба маълумоти магистрантон, аспирантон ва докторн (PhD) мерасонад, ки Институти “Ҷамъияти кушода” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон озмуни дарёфти бурсияҳо барои пешбурди корҳои илмӣ эълон менамояд.
Бурсия лоиҳаҳои байналмилалии таълимиро дастгирӣ менамояд ба монанди:
- ҷамъоварии маълумот;
- сафарҳои омӯзишӣ ба китобхонаҳо ва донишгоҳҳо;
- тайёр намудани барномаи таълимӣ.
Равияҳои асосии барномаи дар доираи илмҳои иҷтоимоӣ ва гуманитарӣ мебошад ба монанди:
- Бизнес – маъмурият;
- Менеҷмент, информатика;
- Молия/кори бонкӣ;
- Маркетинг;
- Муҳандисӣ;
- Илмҳои табиӣ (физика, биология, химия ва ғайра);
- Риёзиёт; - Илми тиб;
- Таълими забони англисӣ.
Мӯхлати охири бақайдгирӣ то санаи 29.03.2019 дар сомонаи https://www.opensocietyfoundations.org/grants/civil-society-scholar-awards идома меёбад.
Барои маълумоти бештар ба шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ муроҷиат намоед.