Эълонҳо

Эълон
Раёсати илм ва инноватсия тибқи мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон №05/1-963 аз 05.02.2019 сол, бо мақсади ташаккули афкори солим, дарёфти чеҳраҳои лаёқатманд, рушди қобилияти зеҳнӣ, ихтирооти илмию техникӣ ва муайян намудани беҳтарин ихтирооти донишҷӯён озмуни дохилидонишгоҳиро таҳти унвони «Ихтирокори ҷавон» дар байни донишҷӯёни донишгоҳ эълон менамояд.
Хоҳишмандон метавонанд ҷиҳати иштирок дар озмуни мазкур то санаи 01.05.2019 лоиҳаҳои худро ба раёсати илм ва инноватсия пешниҳод намоянд.
Ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардида, лоиҳаҳои онҳо ба озмуни ҷумҳуриявии «Ихтирокори ҷавон» пешниҳод карда мешаванд.
Кумитаи тадорукот: Раёсати илм ва инноватсия