Эълонҳо

Таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Бошқирдистон
Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДДМИТ ба иттилои донишҷӯёни зинаи бакалавр мерасонад, ки дар доираи Барномаи мубодила донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки донишҷӯёни зинаи бакалаврро барои идомаи таҳсил дар нимсолаи аввали хониши 2019-2020 ба Донишгоҳи давлатии Бошқирдистони Федератсияи Россия ирсол намояд. Мӯҳлати таҳсил як семестр буда, ройгон мебошад. Таҳсил бо забони русӣ сурат мегирад.
Мӯҳлати охири бақайдгирӣ то санаи 15.04.2019.
Барои номнавис ва маълумоти бештар дастрас намудан хоҳишмандон метавонанд ба шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ муроҷиат намоянд.