Эълонҳо

Эълон
Ба диққати устодон, магистрон, аспирантон ва донишҷӯёни ДДМИТ расонида мешавад, ки санаи 20-уми июни соли 2019 дар бинои 3-юм синфхонаи 405 семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Таҳлили фазои сармоягузорӣ дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар тадбиқи Барномаи давлатии рушди маҳал» бо иштироки мутахассиси пешбари шуъбаи банақашгирӣ, нархгузорӣ ва таҳлили хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Ҳусейнов баргузор мегардад.
Хоҳишмандон метавонанд, иштирок намоянд.
Кафедраи таҳлили иқтисодӣ