Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Эълонҳо

Беҳтар кардани сифати таълим ва таҳлили аввалин ҳисоботи худбаҳодиҳии ДДМИТ оид ба аккредитатсияи институтсионалӣ

12 сентябри соли равон дар Маркази соҳибкории “Созидание” семинари амалӣ дар мавзӯи "Баланд бардоштани сифати таълим” барои кормандони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисодӣ Тоҷикистон бо ибтикори Қисмати 4 Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба дастгирии самтҳои ҷудогонаи ислоҳоти Идоракунии молияи давлатӣ: Лот 1 баргузор мешавад. 
Дар чорабинӣ Муовини ректор оид ба таълим Нурализода Амрулло ва мутахассиси раёсати таълими ДДМИТ Сулаймонзода Шӯҳрат ширкат ва баромад хощад намуд. Коршиносони лоиҳа Сигитас Бразинскас, иҷрокунанда Роҳбари лоиҳа ва Искандар Давлатов, коршиноси Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба дастгирии самтҳои ҷудогонаи ислоҳоти Идоракунии молияи давлатӣ: Лот 1 ба семинар ҳусни оғоз бахшида, ба сифати модератори ҷаласаҳои амалӣ ва табодули таҷриба баромад намуда, ҳамчунин амалҳо ва нақшаҳои минбаъдаи беҳтар кардани Ҳисоботи худбаҳодиҳии ДДМИТ-ро муайян мекунанд. 
Дар семинар масъалаҳои марбут ба арзёбии татбиқи Стандартҳо ва тавсияҳо барои кафолати сифати таҳсилоти олӣ дар фазои аврупоӣ (ESG) дар ДДМИТ, ҷамъбасти таҳлили худбаҳодиҳии ДДМИТ тибқи стандартҳо ва дастурҳои минбаъда оид ба такмил ва омодагии донишгоҳ ба санҷиши беруна мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. 


Дар ҷараёни семинар ба даст овардани натиҷаҳои зерин дар назар аст: 
• Таҳкими қобилияти кормандони ДДМИТ дар гузарондани худбаҳодиҳӣ тибқи Стандартҳо ва тавсияҳо барои кафолати сифати таҳсилоти олӣ дар фазои аврупоӣ (ESG) ва стандартҳои байналмилалӣ. 
• Баррасии ҳисоботи фосилавии худбаҳодиҳии ДДМИТ ва беҳтар кардани он дар давоми ду ҳафтаи оянда аз 12 сентябр то 25 сентябр, вақти омадани аввалин гурӯҳи санҷиши беруна ба Душанбе. 
• Имконияти татбиқи Стандартҳо ва тавсияҳо барои кафолати сифати таҳсилоти олӣ дар фазои аврупоӣ (ESG) аз ҷониби кормандони Раёсати таълим ва кафедраи менеҷменти молиявии ДДМИТ . 
• Баррасии барномаи таълимии Идоракунии молияи давлатӣ барои аккредитатсия мувофиқи талаботи ESG. 
• Беҳтар намудани сифати таълим дар ДДМИТ тавассути ҷорӣ намудани стандартҳои ESG ва мусоидат ба баланд бардоштани рақобатпазирии он дар байни мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 
• Наздикшавии фаъолияти ДДМИТ ба талаботи меъёрҳои аврупоӣ ва байналмилалӣ бо роҳи ҷорӣ намудани принсипҳои сифати таълими ESG бо дастгирии Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба дастгирии самтҳои ҷудогонаи ислоҳоти Идоракунии молияи давлатӣ: Лот1. 
• Вусъатбахшии мавқеи ДДМИТ ҳамчун як муассисаи таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ.