Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Эълонҳо

Эълон

Раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба маълумоти донишҷӯён, магистрантон, аспирантон, унвонҷӯён ва олимони ҷавон мерасонад, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ва дар ин васила баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон ва иштироки онҳо дар озмуни ҷумҳуриявӣ озмуни донишгоҳиро таҳти унвони «Китобхони беҳтарин» эълон менамояд. 


Озмун дар ду давр: даври якум дар сатҳи факултетҳо аз 23.09.2019 то 23.10.2019 ва даври дуюм дар сатҳи донишгоҳ аз 01.11.2019 то 30.11.2019 баргузор гардида, ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ. қадрдонӣ мегарданд. 
Хоҳишмандон метавонанд дар садорати факултетҳо худро номнавис кунанд. Масъули бақайдгирӣ муовинони декан оид ба илми факултетҳо мебошанд. 


Кумитаи тадорукот: Раёсати илм ва инноватсия