Эълонҳо

Таҳкими салоҳият ва мубодилаи таҷрибаи Идоракунии молияи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо муаллимони ДДМИТ
26 сентябри соли равон дар Сарраёсати молияи вилояти Хатлон дар ш. Бохтар семинари амалӣ дар мавзӯи " Таҳкими салоҳият ва мубодилаи таҷрибаи Идоракунии молияи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо муаллимони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон”, бо ибтикори Қисмати 4 Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба дастгирии самтҳои ҷудогонаи ислоҳоти Идоракунии молияи давлатӣ: Лот 1 баргузор мешавад.
Муаллимони кафедраи менеҷменти молиявии ДДМИТ Нуров Ш.С., Мирзоева Э.Ш. ва Ҳакимова М.С., ҳамчунин коршиноси байналмилалии Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба дастгирии самтҳои ҷудогонаи ислоҳоти Идоракунии молияи давлатӣ: Лот 1 Курляндская Г.В баромад намуда, мубодилаи таҷриба мекунанд. Чорабиниро коршиноси лоиҳаи зикргардидаи Иттиҳоди Аврупо Давлатов И.Ҳ. роҳбарӣ мекунад.
Дар семинар мушкилот ва масъалаҳои марбут ба истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ, самтҳои асосии сиёсати молиявӣ ва дурнамои идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нақши буҷетҳои маҳаллӣ дар низоми буҷа: таҷрибаи байналмилалии Русия ва Қазоқистон мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
Интизорӣ меравад, ки дар ҷараёни семинар натиҷаҳои зерин ба даст меоянд:
- Таҷрибаи Идоракунии молияи давлатӣ ба муассисаҳои минтақавӣ дода мешавад;
- Салоҳияти омӯзгорони ДДМИТ дар робита бо татбиқи амалии ИМД меафзояд;
- Густариши обрӯю эътибори ДДМИТ ҳамчун муассисаи таълимӣ ва илмиву таҳқиқотии идоракунии молияи давлатӣ;
- Афзоиши саҳми дастгирии Иттиҳоди Аврупоро дар бахши ИМД.