Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Эълонҳо

Таҳкими салоҳият ва мубодилаи таҷрибаи Идоракунии молияи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо муаллимони ДДМИТ

17 октябри соли равон дар Раёсати минтақавии молияи ш. Кулоб семинари амалӣ дар мавзӯи " Таҳкими салоҳият ва мубодилаи таҷрибаи Идоракунии молияи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо муаллимони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон”, бо ибтикори Қисмати 4 Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба дастгирии самтҳои ҷудогонаи ислоҳоти Идоракунии молияи давлатӣ: Лот 1 баргузор мешавад. 
Муаллимони кафедраи менеҷменти молиявии ДДМИТ Нуров Ш.С., Мирзоева Э.Ш. ва Ҳакимова М.С., ҳамчунин коршиноси байналмилалии Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба дастгирии самтҳои ҷудогонаи ислоҳоти Идоракунии молияи давлатӣ: Лот 1 Иванов С.Ю. баромад намуда, мубодилаи таҷриба мекунанд. 
Дар семинар мушкилот ва масъалаҳои марбут ба истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ, самтҳои асосии сиёсати молиявӣ ва дурнамои идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин усулҳои муосири Лоиҳаи ИА оид ба самтҳои ҷудогонаи раванди ислоҳоти Идоракунии молияи давлатӣ: Лот 1 ва истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.