Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Эълонҳо

Эълон

Бо дастури ректори ДДМИТ дар назди кафедраи система ва технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёти факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт гурӯҳи донишҷӯёни болаёқат таъсис дода мешавад, ки дар он донишҷӯён аз руйи таҷрибаи пешқадами таълим омода карда мешаванд. Машғулиятҳо аз ҷониби олимон ва коршиносони шинохта бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ гузаронида мешаванд. Мақсади таъсиси гурӯҳи мазкур ин ба роҳ мондани таҷрибаи нави омода кардани мутахассисони рақобатпазир дар бозори меҳнат ва дар амал татбиқ намудани чорабиниҳо ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим ва иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба ҳисоб меравад. 
Бақайдгирии донишҷӯён аз 28.10.2019 то 11.11.2019 ҷиҳати шомил намудан ба гурӯҳи мазкур баргузор гардида, дар он донишҷӯёни фаъол ва соҳибзавқи курси якуми ҳамаи ихтисосҳои факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқитсодиёт метавонанд иштирок намоянд. 
Талабот: донистани як забони хориҷӣ ҳатмист. Интихоб дар асоси натиҷаи озмун ва тариқи суҳбат амалӣ карда мешавад. 
Маълумоти иловагиро метавонед аз бинои таълимии №1, факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт дастрас намоед.