Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Эълонҳо

Эълон

Раёсати илм ва инноватсия ба маълумоти устодон, унвонҷӯён, аспирантон, доктор аз рӯи ихтисос PhD ва магистрантон мерасонад, ки дар Маркази илмию методии Евразия «Мультидисциплинарные исследования» конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ ва озмуни илмӣ-тадқиқотӣ баргузор мегардад. 
Иштирок дар чорабинии илмӣ ба иштироккунандагон имкон медиҳад, ки фаъолияти илмии худро фаъол гардонанд. 
Инчунин Маркази илмию методии Евразия «Мультидисциплинарные исследования» барои чоп намудани монографияҳо, васоитҳои таълимӣ ва дастурҳои методӣ муаллифонро дастгирӣ менамояд ва аз ҷиҳати ҷобаҷокунии техникӣ, шохисгирӣ (ББК, УДК, ISBN), тақризноккунии илмӣ ба муаллиф кӯмак мерасонад. 
Иштироккунандагон маълумотро оид ба санаи баргузорӣ ва талаботҳои иштирок намудан дар чорабинии илмии мазкурро аз сомонаи расмии Маркази илмию методии Евразия «Мультидисциплинарные исследования» https://multires.ru/ метавонанд дастрас намоянд.


Раёсати илм ва инноватсия