Эълонҳо

Эълон
Ба таваҷҷуҳи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ мерасонем, ки Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019»-ро баргузор менамояд.
Дар озмун метавонанд донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ иштирок варзанд. Озмуни мазкур рӯзҳои 20 ва 21-уми декабри соли ҷорӣ дар ду марҳала (тестӣ ва шифоҳӣ) гузаронида мешавад.
Хоҳишмандон метавонанд ба суроғаи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва ё тавассути телефони 918-55-44-00 муроиҷат намоянд. Ғолибони озмун бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотирмони Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида хоҳанд шуд.