Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Эълонҳо

Эълон

Лоиҳаи грантии «Ташаккули тафаккури соҳибкории донишҷӯ-духтарон дар асоси баланд бардоштани сифати таълим ва зисти онҳо дар хобгоҳи муассисаи олӣ» дар доираи Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» 
Озмун барои донишҷӯёни ДДМИТ оид ба иштирок дар такмили малака ва маҳорати соҳибкорӣ эълон менамояд. 
Талаботҳо барои иштирокчиён: 
Бояд донишҷӯ-духтарони курси 4-уми ДДМИТ бошанд; 
1. Бояд истиқоматкунандаи хобгоҳи ДДМИТ бошанд; 
2. Доштани қобилияти баланди даркнамои (тезфаҳмӣ оид ба шуғл доштан баробари касби тахассусӣ гирифтан);
3. Доштани маҳорати ибрози андеша тариқи шифоҳӣ; 
4. Доштани маҳорати навъоварӣ барои дарёфти мол ва хизматрасонии нав; 
5. Доштани маҳорати идоракунии хоҷагии хонаводагӣ; 
6. Доштани маълумотҳои заминавӣ оиди пешбурди соҳибкории занона; 
Донишҷӯ-духтароне, ки дар лоиҳаи мазкур иштирок менамоянд дорои сертификатҳои бонуфуз оид ба курсҳои забони англисӣ, забони русӣ, технологияҳои муосир ва пешбурди хоҷагии хонагиро соҳиб мешаванд. 
Ҳамаи тренингҳо интиректавӣ аз тарафи мутахассисони баландихтисоси ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. 
Дар рафти лоиҳа иштирокчиён дорои малака оид ба тайёр кардани бизнес-лоиҳаҳо оид ба ҷорӣ кардани талабатҳои гендерӣ аз ҷумла соҳибкории занона мегарданд, ки дар оянда барои дарёфти ҷои кор мусоидат менамояд. 
Ҳамаи хароҷотҳо аз тарафи лоиҳа маблағгузорӣ карда мешаванд! 
Аз иштирокчиён хоҳиш карда мешавад, ки CV (резюме, маълумотномаи шахсӣ), нусхаи шиноснома, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи истиқоматкунандаи хобгоҳи ДДМИТ. 
Муроҷиат: ДДМИТ хобгоҳи №2 ошёнаи 1 Маркази иттилоотии лоиҳа «Ташаккули тафаккури соҳибкории донишҷӯ-духтарон дар асоси баланд бардоштани сифати таълим ва зисти онҳо дар хобгоҳи муассисаи олӣ». 
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ бо телефонҳои +992 93 436 90 95, +992 90 429 23 80 ё ин ки бо почтаи электрорнии sadikhoja.m@mail.ru fsaifidinov@mail.ru муроҷиат намоед.