Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Эълонҳо

Эълон

Бо қарори Ректори ДДМИТ дар назди кафедраи баҳисобгирии муҳосибии факултети ҳисобдорӣ ва омор дар зери ихтисоси 1-25010801-баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо гурӯҳи махсуси донишҷӯёни болаёқат таъсис дода мешавад, ки дар он донишҷӯён аз рӯйи таҷрибаи пешқадами таълим омода карда мешаванд. Машғулиятҳо аз ҷониби олимон ва коршиносони шинохта бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ гузаронида мешаванд. 
Мақсади таъсиси гурӯҳи мазкур ба роҳ мондани таҷрибаи нави омода кардани мутахассисони рақобатпазир дар бозори меҳнат ва дар амал татбиқ намудани чорабиниҳо ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим ва иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба ҳисоб меравад. 
Бақайдгирии донишҷӯён аз 10.02.2020 то 14.02.2020 ҷиҳати ворид намудан ба гурӯҳи мазкур баргузор гардида, дар он донишҷӯёни фаъол ва соҳибзавқи курси якуми ҳамаи ихтисосҳои донишгоҳ метавонанд иштирок намоянд. Талабот: донистани як забони хориҷӣ ҳатмист, интихоб дар асоси натиҷаи озмун ва тариқи суҳбат амалӣ карда мешавад. 
Маълумоти иловагиро метавонед аз бинои таълимии №3, факултети ҳисобдорӣ ва омор, муовини декан оид ба илм Cаидов Р.Н., кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ 307, ассистенти кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ Олимов Д.А. дастрас намоед. 
Тел: 933 60 60 87; 933 28 01 81,  E-mail: saidov.radjabali@mail.ru