Эълонҳо

Эълон
Бо мақсади татбиқи лоиҳаи «Ташкили муҳити инноватсионии донишгоҳ дар асоси ҷорӣ намудани раванди Болония» аз 01 то 06 октябри соли 2020 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон тренинги омӯзишии «Тақвияти иқтидори бизнес-инкубатор» баргузор мегардад. Тренинги мазкур аз тарафи мушовирони хориҷии лоиҳа аз Донишгоҳи иқтисодии Варнаи Булғористон ба таври онлайн баргузор мегардад.
Устодон, магистрон ва донишҷӯён метавонанд дар тренинги мазкур ширкат варзанд.
Барномаи тренингро хоҳишмандон метавонанд аз саҳифаи лоиҳа дар сомонаи донишгоҳ дастрас намоянд.
Барои иштирок дар тренинг ба саҳифаи зер гузаред: www.meet.google.com/bxf-gyyc-via
Гурӯҳи кории татбиқи лоиҳа