Эълонҳо

Эълон
Раёсати илм ва инноватсия ба маълумоти аспирантон, унвонҷӯён, олимони ҷавон, магистрантон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мерасонад, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади талқин ва таҳкими ҳувияти миллӣ ва ҳисси баланди ватандӯстиву меҳанпарварии ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии мақолаи беҳтарини публисистиро миёни ҷавонон дар мавзӯи «Ҷавонон ва манфиатҳои миллӣ» эълон менамояд.
Довталабон метавонанд мақолаҳои публисистии худро бо зикри ному насаб, вазифа, суроғаи ҷойи зист ва телефонҳои тамос бо шрифти 14, Times New Roman Tj то санаи 1 ноябри соли 2020 тариқи хаттӣ ва электронӣ ба унвонии Раёсати илм ва инноватсия пешниҳод намоянд.
Ғолибони озмуни мазкур дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мегарданд.