Эълонҳо

Эълон
Раёсати илм ва инноватсия ба маълумоти аспирантон, унвонҷӯён, олимони ҷавон, магистрантон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мерасонад, ки Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мусоидат намудан ба устувории рушди сайёҳӣ, ҷалби мутахассисони соҳаи сайёҳӣ ва тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳӣ, бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” тасмим гирифтааст, озмуни ҷумҳуриявии “Мақолаи беҳтарини сайёҳӣ”-ро эълон намояд.
Довталабон метавонанд мақолаҳои худро бо зикри ному насаб, вазифа, суроғаи ҷойи зист ва телефонҳои тамос бо шрифти 14, Times New Roman Tj, дар ҳаҷми 2-3 саҳифа то санаи 27-уми октябри соли 2020 тариқи хаттӣ ва электронӣ ба унвонии Раёсати илм ва инноватсия пешниҳод намоянд.
Ғолибони озмуни бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии таъсисдодаи Кумитаи тадорукот сарфароз гардонида мешаванд.
Раёсати илм ва инноватсия