Эълонҳо

Эълон
Садорати факултети молия ва қарз ба таваҷҷуҳи донишҷӯёни факултет мерасонад, ки дар асоси қарори Шӯрои олимони факултет (аз 28.11.2020с., № 4) бо мақсади баланд бардоштани масъулияти донишҷӯён дар самти омӯзиши адабиёти бадеӣ ва тахассусӣ, тақвияти фарҳанги китобхонӣ, огоҳ гардидани ҷавонон аз таърихи миллати худ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ҳар як донишҷӯ барои хондани на кам аз 3 (се) асари бадеӣ ва ду адабиёти тахассусӣ дар як нимсолаи таҳсил вазифадор карда мешавад. Аз ин рӯ, барои ворид гардидан ба имтиҳонҳо донишҷӯён бояд на кам аз 3 (се) адабиёти бадеӣ аз бар намоянд. То 01.02.2021 аз ҳар як донишҷӯ дар хусуси аз бар намудани адабиёти бадеӣ санҷиш гирифта шуда, дар варақаи имтиҳонӣ ба шакли «Комёб» баҳогузорӣ карда мешавад. Донишҷӯёне, ки талаботи мазкурро иҷро намекунанд, ба имтиҳонҳо иҷозат дода намешаванд.
Садорати факултети молия ва қарз