Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Эълонҳо

Барномаи бурсиявӣ ба номи Лейн Киркланд

Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДДМИТ ба диққати муҳаққиқон ва унвонҷӯён мерасонад, ки аз ҷониби Барномаи бурсиявӣ ба номи Лейн Киркланд ва фонди “Ислоҳоти роҳбарҳо” озмуни навбатӣ барои номзадҳо аз Ҷумҳурии Озарбойҷон,  Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус,  Ҷумҳурии Гурҷистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Молдава,  Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Украина ва Федератсияи Россия бурсияҳо барои гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҷудо намудааст. 
Равияхои асосии озмун: 
• Иқтисод ва менеҷмент
• Идора дар тиҷорат,  фарҳанг, маориф, ҳифзи саломатӣ, 
• Маъмурияти давлатӣ (ташкилотҳои ҳокимияти давлатӣ ва худидоравӣ), 
• Ҳуқуқ, 
• Илмҳои оммавӣ (психологияи иҷтимоӣва ҷамъиятшиносӣ), 
• Сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ, 
• ҳифзи муҳити зист ва иқлим, 
• мушкилотҳои бехатарӣ ва кибербехатарӣ, 
• идораи зиддибуҳронӣ,
• Рушди сиёсат ва кумакҳои башардустона
Ариза барои иштирок тариқи онлайн дар сомонаи www.kirkland.edu.pl сурат мегирад.
Муҳлати охири бақайдгирӣ санаи 01.03.2021. 
Барои маълумоти бештар хоҳишмандон метавонанд ба сомонаи мазкур муроҷиат намоянд: www.kirkland.edu.pl