Эълонҳо

Бурсияҳои таҳсилӣ дар зинаи магистратура
Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ба диққати донишҷӯёни ДДМИТ мерасонад, ки бурсияи таҳсилӣ аз ҷониби Хадамоти федералии мониторинги молиявии Федератсияи Россия ҷиҳати ба таҳсил фаро гирифтани довталабони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар макотиби олии Федератсияи Россия дар зинаи магистратура барои солҳои 2021-2022 Бурсияҳои таҳсилӣ дар самтҳои 38.00.00 –иқтисодиёт, 10.00.00 – бехатарии иттилоот, 40.00.00 – ҳуқуқшиносӣ ҷудо намудааст.
Маълумоти бештарро хоҳишмандон метавонанд аз саҳифаи иттилоотии Департаменти мониторинги молиявии назди бонки миллии Тоҷикистон бо истифода аз истиноди http://www.nbt.tj/tj/financial_monitoring/student.php дарёфт намоянд.
Қобили қайд аст, ки бақайдгирӣ дар дар сомонаи edu.rs.gov.ru аз санаи 20-уми январ то 20-уми феврали соли 2021 баргузор мегардад.
Инчунин довталабро зарур аст, ки як нусхаи ҳуҷҷатҳои худро дар баробари ворид намудан ба сомонаи edu.rs.gov.ru ба ба суроғаи электронии Бонки миллии Тоҷикистон dmm@nbt.tj, бо номгӯи “Довталаб-2021” ирсол намояд.